Тоҷикӣ | Русский | English  

Ройзаниҳои байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Туркия

26 июни соли 2015 дар Душанбе ройзаниҳои байни вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Туркия таҳти раҳбарии Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ ва Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Туркия Алӣ Кемал Айдин баргузор шуданд.

Маҷмӯи васеи ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Туркия мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ба дурнамои густариши муносибатҳо дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, илмию фарҳангӣ, маориф ва инчунин тавсеаи заминаи шартномавию ҳуқуқии ҳамкориҳо ва тақвияти робитаҳои байниидоравӣ дар самтҳои амният ва муҳочират таваҷҷуҳи вежа зоҳир гардид.

© 2019 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2019 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj