Тоҷикӣ | Русский | English  

Изҳорот барои ВАО роҷеъ ба нашри мақола дар «АиФ»

Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маводи таҳқиркунандае, ки 26 июни соли 2015 дар сомонаи нашриёти «Аргументы и Факты» бо номи «Страна гастарбайтеров. Специальный репортаж «АиФ» из Таджикистана» ба чоп расид, шинос гардид.

Дар ин робита бо намояндаи Сафорати Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин бо намояндагии нашриёти «Аргументы и Факты» дар Тоҷикистон суҳбат анҷом дода шуд, ки дар натиҷа маводи мазкур аз сомонаи нашриёт гирифта шуд.

Ҳамзамон Вазорати корҳои хориҷӣ ба Сафорати Россия дар Тоҷикистон ёддошт супорид, ки дар он нигаронии шадид доир ба мунтазам чоп гардидани чунин мақолаҳо дар ВАО-и Россия, ки ин дар навбати худ ба руҳияи шарикии стратегӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия ҷавобгӯ намебошад, баён карда шуд. Ҷониби Тоҷикистон аз ҷониби Россия даъват ба амал овард, то ҷиҳати роҳ надодан барои нашри чунин маводҳо, ки воқеъиятро нодуруст баён мекунанд, чораҳои лозима андешад.

© 2019 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2019 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj