Тоҷикӣ | Русский | English  

Мулоқоти муовинони вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Молдова

30 июни соли 2015 Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Парвиз Давлатзода Муовини вазири корҳои хориҷӣ ва ҳамгироии аврупоии Ҷумҳурии Молдова Тудор Уляновскиро, ки ҷиҳати ширкат дар ҷаласаи дуюми Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ дар Душанбе қарор дорад, бо хоҳиши ӯ ба ҳузур пазируфт.

Зимни мулоқоте, ки дар фазои анъанавии дӯстона ва ҳусни тафоҳум баргузор гардид, масоили мубрами ҳамкориҳои дуҷониба, минтақавӣ ва байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

© 2019 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2019 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj