Тоҷикӣ | Русский | English  

Мизи мудаввар дар мавзӯи “Меъмори сулҳ дар Тоҷикистон” дар Шӯрои Аврупо

26 июни соли 2015 дар шаҳри Брюссел дар дафтари Шӯрои Аврупо ба ифтихори 18-умин солгарди Рӯзи ваҳдати миллӣ бо мусоидати Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Белгия мизи мудаввар дар мавзӯи “Меъмори сулҳ дар Тоҷикистон” бахшида ба нақши таърихии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар дастрасӣ ба сулҳу ризоияти миллӣ дар кишвар барпо гардид.

Дар мизи мудаввар намояндагони Шӯрои Аврупо дар шаҳри Брюссел, сафирон ва намояндагони сафоратхонаҳои кишварҳои кафил, намояндагони Парлумони Аврупо, Иттиҳоди Аврупо ва дигар созмонҳои байналмилалӣ ширкат варзиданд.

Зимни мизи мудаввар нақши таърихии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар дастрасӣ ба сулҳу ризоияти миллӣ дар кишвар,аҳамияти сиёсӣ, таърихӣ ва илмии омӯзиши таҷрибаи амалии намунаи тоҷикии танзими муноқишаи дохилӣ ва дастёбӣ ба сулҳу субот аз ҷониби ҷомеаи байналмилалӣ таъкид гардид.  

Баъдан иштирокчиён филми ҳуҷҷатӣ бахшида ба нақши тақдирсози Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар дастрасӣ ба сулҳу ризоияти миллӣ дар кишварро тамошо карданд.

Иштирокдорони чорабинӣ дастрасӣ ба ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистонро баланд арзёбӣ намуда, зарурати омӯзишу истифодаи таҷрибаи беназири дастёбӣ ба сулҳу ризоияти миллӣ дар Тоҷикистонро барои танзими сулҳомези муноқишаҳои байналмилалӣ таъкид карданд.

© 2019 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2019 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj