Тоҷикӣ | Русский | English  

Мақолаи Намояндаи доимии Тоҷикистон дар Иттиҳоди Аврупо дар рӯзномаи “New Europe”

29 июни соли 2015 дар шаҳри Брюссел дар рӯзномаи бонуфузи Иттиҳоди Аврупо “New Europe” мақолаи Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иттиҳоди Аврупо, Сафир Рустамҷон Солиев таҳти унвони “Эмомалӣ Раҳмон-меъмори сулҳи Тоҷикистон” ба нашр расид.

Тарҷумаи мақола:

Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар даҳаи охири қарни гузашта дар дастёбӣ ба сулҳу ваҳдати миллӣ дар кишвараш басо муҳим аст. Албатта, “Меъмори сулҳ” дар Тоҷикистон ҳар вақт ин хизматҳоро ба ҳамватанони шарафманду худогоҳ, мардуми дорои таъриху фарҳанги қадиму бой ва расму оини сулҳбунёд марбут медонад.

Бо вуҷуди ин, Президент Эмомалӣ Раҳмон дар анҷомёбии ҷанги хунини шаҳрвандии солҳои 1992-1997, дастрасӣ ва пешбурди сулҳ, субот ва ваҳдати миллӣ дар ҷомеаи тоҷик, барқарорсозии тартиботи ҷамъиятӣ ва амният, таъмини бозгашти гурезагон аз хориҷа ба Ватан, қабули конститутсияи нав ва татбиқи ислоҳоти сиёсию иқтисодӣ саҳми тақдирсоз ва таърихӣ гузоштааст. Бинобар корнамоиҳои ҷасуронаву ҳатто қаҳрамонона дар он давраи душвор, пешвои халқи тоҷик бешубҳа сазовори аҳсан буда, шоистаи кафкӯбиҳои баланди тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ аст.

Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин дар ҳаллу фасли чолишҳои давраи пас аз муноқиша нақши намоён бозидааст: аввалан дар фаъолияти Комиссияи оштии миллӣ, ки натиҷаи он Созишномаи умумии деринтизор дар бораи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон мебошад.

Қабл аз давраи ба сари ҳокимият омадани Эмомалӣ Раҳмон дар Тоҷикистон воқеаҳои фоҷиабори мубориза барои қудрат дар кишвари ҷавон ва ҳоло ҳам заиф рух доданд. Маҳз азнавсозӣ (“перестройка”) дар Иттифоқи Шӯравӣ ва оқибатҳои он ба оғози ҷанги шаҳрвандӣ дар давлати навистиқлоли Тоҷикистон оварда расониданд.

Низои ҳарбӣ ба иқтисоди давлатӣ ҷуброни ҷиддӣ расонид. Ҳаёти даҳҳо ҳазор нафар, ки дар он солҳои даҳшатбор қурбонӣ шуданд, талафоти гарон аст. Кишвари мо дар маҷмӯъ беш аз 10 миллиард доллари ШМА зарар дида буд.

Президент Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун намояндаи ҷониби расмии ҳукуматӣ дар раванди гуфтушунидҳои сулҳи байни тоҷикон, ки дар якҷоягӣ бо мухолифин сурат гирифтанд, фаъолона иштирок намуда, таъсири қатъиву мусбат гузошт.

Дар маҷмӯъ, ин гуфтушунидҳо дар 8 давр дар шаҳрҳои Кобул, Алмато, Теҳрон, Хосдеҳ (Афғонистон), Москва, Машҳад (Эрон) ва Бишкек баргузор гардиданд. Гуфтушунидҳои сулҳи байни тоҷикон таҳти сарпарастии Созмони Милали Муттаҳид ва бо иштироки кишварҳои кафил – Россия, Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон, Покистон ва Туркманистон барпо шуданд. Ин кишварҳо дар раванди дастёбӣ ба сулҳ дар Тоҷикистон саҳми назаррас гузоштанд.

Раванди пурпечутоби гуфтушунидҳои сулҳи байни тоҷикон 27 июни соли 1997 дар Москва бо имзои Созишномаи умумӣ дар бораи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба анҷом расид. То кунун, ин рӯз ҳамчун Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон ба таври васеъ ҷашн гирифта мешавад.

Тайи солҳои душвори ҳукмронӣ дар Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон бо мавқеи принсипиалӣ, инсондӯстӣ ва фаъолияти сулҳофаринӣ сазовори нуфузу обрӯи бузург ҳам дар кишвари худ ва ҳам дар хориҷа гаштааст.

Таҷриба ва амалияи сулҳи байни тоҷикон аҳамияти на танҳо миллӣ, балки байналмилалӣ низ дорад, чунки он дар ҳаллу фасли низоъҳои дохилӣ дар минтақаҳои мухталифи ҷаҳон, ба монанди Афғонистон, Сурия ва дигарон метавонад истифода карда шавад.

Дар ин росто, Президент Эмомалӣ Раҳмон, ба шарофати саҳми арзанда ба пешбурду ҳифзи сулҳи пойдор ва ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон, кишвари имрӯзҳо зуд рушдёбанда, бояд ҳаматарафа ҳавасманд ва қадрдонӣ гардад.

© 2019 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2019 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj