Тоҷикӣ | Русский | English  

Мулоқоти Муовини вазири корҳои хориҷӣ бо ҳайати Сейми (парлумон) Лаҳистон

3 июли соли 2015 Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ ҳайати Сейми Ҷумҳурии Лаҳистон таҳти роҳбарии Ноиби Маршали Сейми кишвари номбурда Ежи Вендерлихро ба ҳузур пазируфт.

Зимни мулоқот ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди минбаъдаи ҳамкориҳо миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Лаҳистонро мавриди муҳокима қарор доданд.

Дар рафти мулоқот тарафҳо инчунин доир ба масъалаҳои мубрами рӯз дар сатҳи минтақавӣ ва байналмилалӣ табодули назар намуданд.

© 2019 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2019 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj