Тоҷикӣ | Русский | English  

Ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии СҲШ

6 июли соли 2015 дар шаҳри Уфаи Федератсияи Россия ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) кори худро оғоз намуд.

Дар чорабинии мазкур ҳайати Тоҷикистон бо роҳбарии Муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳамоҳангсози миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои СҲШ Парвиз Давлатзода иштирок дорад.

Дар рафти ҷаласаи номбурда мавзӯъ ва ҳуҷҷатҳое, ки барои баррасӣ ба ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои СҲШ (Уфа, 09-10 июли соли 2015) пешниҳод мешаванд, ҳамчунин дигар мавзӯъҳои мубрами фаъолияти Созмон мавриди муҳокима қарор доранд.

© 2019 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2019 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj