Тоҷикӣ | Русский | English  

Мулоқоти Вазири корҳои хориҷӣ бо Намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ

17 сентябри соли 2015 мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо Намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ Петер Буриан баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ равандҳои муҳимми ҳамкории дуҷониба миёни Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон, амният, масъалаҳои минтақавӣ, обу нерӯ ва дигар масъалаҳои мутақобилан судманд мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Оид ба ҳодисаҳои охирине, ки дар кишвар рӯй дод, ҷаноби Буриан бори дигар дастгирии Иттиҳоди Аврупоро ҷиҳати тадбирҳои андешидаи Ҳукумати Тоҷикистон баҳри ҳифзи амнияти давлатӣ ва субот таъкид карда, омодагии Иттиҳоди Аврупоро ҳамчун шарики боэътимод ва ҷонибдори Тоҷикистон дар роҳи субот, ислоҳоти демократӣ ва шукуфоӣ баён намуд.

Дар мулоқот Роҳбари Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар  Тоҷикистон Сафир Хидайет Бишчевич низ ҳузур дошт.

© 2019 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2019 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj