Тоҷикӣ | Русский | English  

Супоридани Эътимодномаи Сафири Тоҷикистон ба Президенти Украина

17 сентябри соли 2015 дар бинои Қасри Президент маросими расмии супоридани Эътимодномаи Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Украина Файзулло Холбобоев ба Президенти Украина Пётр Порошенко баргузор гардид.

Пас аз маросими супоридани Эътимоднома, Президенти Украина Сафири Тоҷикистонро ба ҳузур пазируфт. Дар рафти мулоқот масъалаҳои густариши муносибатҳои дуҷониба, таҳкими равобити дӯстона ва ҳамкориҳои минбаъда дар соҳаҳои мухталиф мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар поёни сӯҳбат  Сафири Тоҷикистон Файзулло Холбобоев изҳор дошт, ки тамоми саъю кӯшиши худро барои таҳким ва густариши муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Украина ба харҷ хоҳад дод.

© 2019 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2019 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj