Тоҷикӣ | Русский | English  

Сафари кории Вазири корҳои хориҷӣ ба Ню Йорк

Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон С. Аслов ҷиҳати иштирок дар иҷлоси 70-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид, ки аз 21 сентябр то 5 октябри соли 2015 баргузор мегардад, ба шаҳри Ню Йорк сафар намуд.

Дар назар аст, зимни сафар инчунин як қатор мулоқоту вохӯриҳои дуҷонибаву бисёрҷонибаи  Вазири корҳои хориҷӣ бо ҳамтоёни хориҷии худ баргузор гардад.

Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин иҷлос ширкат меварзад.

© 2019 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2019 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj