Тоҷикӣ | Русский | English  

Пазириши Сафири Тоҷикистон дар Қоҳира ба сифати намояндаи доимӣ дар Ҷомеаи Давлатҳои Арабӣ

Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Ҷомеаи Давлатҳои Арабӣ дар иҷлоси навбатии 144-уми худ, ки дар Қоҳира 13 сентябри 2015 баргузор гардид, қарор қабул намуд, ки бо аккредитатсияи Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қоҳира ба сифати Намояндаи доимии кишвари мо дар Ҷомеаи Давлатҳои Арабӣ изҳори мувофиқат кунад. Қарори мазкур дар асоси паёми Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба унвони Дабири кулли Ҷомеаи Давлатҳои Арабӣ аз таърихи 2 апрели соли 2015 ва дар чаҳорчӯби густариши муносибатҳои кишварҳои арабӣ бо Тоҷикистон қабул шудааст.

© 2019 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2019 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj