Тоҷикӣ | Русский | English  

Вохӯрии Сафири Тоҷикистон дар Котиботи давлатии Швейтсария оид ба корҳои иқтисодӣ

18 сентябри соли 2015 вохӯрии Сафири Фавқуллода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария, Ҷ.Ҳомидов бо Сардори Раёсати муносибатҳои дуҷонибаи Котиботи давлатии Швейтсария оид ба корҳои иқтисодӣ, Ливиа Леу баргузор гардид.

Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкории иқтисодӣ, инчунин дурнамои рушди тиҷорати байнидавлатӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсарияро баррасӣ намуданд.

Мусоҳибон инчунин оид ба рафти амалигардонии бандҳои Протоколи Ҷаласаи якуми Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ ва савдо байни Тоҷикистону Швейтсария, ки дар соли 2013 баргузор гардида буд, мубодилаи афкор намуда, масъалаҳоро доир ба баргузории Ҷаласаи дуюми Комиссияи байниҳукуматӣ, ки дар соли 2016 ба нақша гирифта шудааст, муҳокима намуданд.

© 2019 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2019 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj