Тоҷикӣ | Русский | English  

Вохӯрии Сафири Тоҷикистон дар Департаменти Федералии корҳои хориҷии Конфедератсияи Швейтсария

18 сентябри соли 2015 вохӯрии Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария, Ҷ.Ҳомидов бо Сардори Раёсати Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказии Департаменти Федералии корҳои хориҷии Конфедератсияи Швейтсария, ҷ-би Николас Брюл баргузор гардид.

Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои рӯзмарраи муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Швейтсарияро баррасӣ карда, оид ба имкониятҳои рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои мутақобилан судманд мубодилаи афкор намуданд.

Қайд гардид, ки сарфи назар аз сатҳи хуби ҳамкории дуҷониба байни Тоҷикистону Швейтсария, иқтидори васеъкунии ҳамкорӣ дар соҳаҳои мухталиф, аз ҷумла муҳоҷират, иқтисод, маориф ва фарҳанг ва ғайра вуҷуд дорад.

© 2019 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2019 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj