Тоҷикӣ | Русский | English  

Мулоқоти Сафир бо Ваколатдори ВКХ Олмон

18 сентябри соли 2015 Сафири Тоҷикистон дар Олмон Маликшо Неъматов бо Ваколатдори тозатаъини Вазорати корҳои хориҷии Олмон оид ба Аврупои Шарқӣ, Қафқоз ва Осиёи Марказӣ ҷаноби Андреас Пешке мулоқот намуд.

Зимни вохӯрӣ сатҳи ҳамкориҳои Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардида, зарурати густариши робитаҳои сиёсӣ ва иқтисодии ҳар ду кишвар таъкид гардиданд. Қайд гардид, ки мизбони якчанд ҳамоишҳои байналмилӣ будани Тоҷикистон дар тӯли имсол нишондиҳандаи рушди босубот ва амнияти кишвар ба ҳисоб  рафта, кишвар дар самти таҳкими мавқеи худ дар Ҷомеаи ҷаҳонӣ қадамҳои мустаҳкам гузошта истодааст.

Конфронси сатҳи баланд зери унвони «Об ва муносибатҳои неки ҳамсоягӣ», ки ҳафтаи пеш бо ибтикори бевоситаи Ҳукумати Олмон баргузор гардид, бори дигар собит месозад, ки Олмон ҳавасманди вусъати ҳамкориҳо бо минтақаи Осиёи Марказӣ мебошад.

Бо назардошти сатҳи хуби ҳамкориҳо ва ба марҳалаи навбатӣ гузаштани онҳо пешниҳод гардид, ки комиссияи доимамалкунандаи байниидоравӣ миёни Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Олмон таъсис дода шавад. Пешниҳоди мазкур бо роҳҳои дипломатӣ мавриди баррасӣ қарор хоҳад гардид.

© 2019 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2019 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj