Тоҷикӣ | Русский | English  

Эълони бақайдгирии намояндагони ВАО барои инъикоси Ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои ИДМ

22 сентябри соли 2015 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бақайдгирии намояндагони ВАО-и ватанию хориҷиро барои пӯшиши иттилоотии Ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки 29-30 октябри соли 2015 дар шаҳри Душанбе доир хоҳад гашт, оғоз намуд.

Намояндагони ВАО, ки майли иштирок дар пӯшиши иттилоотии Ҷаласаи мазкурро доранд, бояд ба Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон (тел. 221-43-69, e-mail: pressaccreditation@mfa.tj) муроҷиат карда, маълумотҳои зеринро пешниҳод намоянд:

1. Ному насаби пурраи намояндаи ВАО;
2. Номи ВАО, кишвар ва вазифа;
3. Акс 3х4 (формати JPEG) ;
4. Суроғаи почтаи электронӣ.

Муроҷиати намояндагони ВАО барои аккредитатсия то соати 16:00, 20 октябри соли 2015 қабул мегардад.

© 2019 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2019 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj