Тоҷикӣ | Русский | English  

Ширкати Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар Иҷлоси 39-уми Вазирони корҳои хориҷии Гуруҳи 77 ва Чин

24 сентябри соли 2015 дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов дар Иҷлоси 39-уми вазирони корҳои хориҷии Гуруҳи 77 ва Чин ширкат кард. Иҷлос таҳти раёсати Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ Маите Нкоана-Машабане баргузор гардид.

Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар суханронии худ таваҷҷуҳи ҳозиринро ба мушкилот ва чолишҳои кишварҳои тараққикунанда, ба вежа кишварҳои тараққикунандаи маҳсур дар хушкӣ дар раванди таъмини рушди устувор, аз ҷумла ба мушкилоти коҳиши камбизоатӣ, баландбардории сатҳи зиндагии мардум, коҳиши нобаробарӣ ва таъмини ниёзҳои асосии инсон, инчунин тағйирёбии иқлим ва таъсири ҷиддии он ба наслҳои оянда ҷалб кард.

С. Аслов инчунин аз кишварҳои узви Гуруҳ ҷиҳати дастгирӣ аз иқдоми нави Тоҷикистон роҷеъ ба роҳандозии Даҳсолаи нави байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” даъват ба амал овард.

Дар хотима вазирони корҳои хориҷӣ Декларатсияи вазирони Гуруҳи 77-ро қабул карданд.

© 2019 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2019 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj