Тоҷикӣ | Русский | English  

Мулоқоти Муовини вазири корҳои хориҷӣ бо Муовини директори Департаменти Швейтсария оид ба рушд ва ҳамкориҳо

28 сентябри соли 2015 мулоқоти Муовини вазири корҳои хориҷӣ Низомиддин Зоҳидӣ бо Муовини директори Департаменти Швейтсария оид ба рушд ва ҳамкориҳо хонум Элизабет фон Капеллер барпо гардид.

Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо роҷеъ ба густариши муносибатҳои дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Конфедератсияи Швейтсария, ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва масъалаҳои минтақавӣ мубодилаи афкор намуданд.

Ҳамзамон дигар масъалаҳои дорои таваҷҷуҳи тарафайн мавриди  баррасии ҷонибҳо қарор гирифтанд.

© 2019 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2019 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj