Тоҷикӣ | Русский | English  

Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон

Сарҳади давлатии байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон 1344,15 км дарозӣ дорад. Аз он сарҳади дарёӣ 1135,3 км, хушкигард 189,85 км ва кӯлӣ 19 км мебошанд.

Хати Сарҳади давлатии Тоҷикистону Афғонистон асосан қад-қади дарёи Панҷ тӯл мекашад. Қисми ғарбии сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар пастӣқарор дошта, ҳамлу нақл дар ҳудуди он ба воситаи нақлиёт нисбатан осон аст. Қисми шарқӣ, аз Шӯрообод шурӯъ шуда, ба самти шарқ аз қисмати кӯҳӣ мегузарад ва ҳаракати нақлиётро мушкил месозад. Шумораи роҳҳо низ дар ин минтақа маҳдуд мебошанд. Шоҳроҳи асосии мошингард дар қисми шимолии сарҳад, қад-қади дарёи Панҷ мегузарад. Аз тарафи Афғонистон (дар ҷануб), қад-қади дарё, танҳо пайроҳаҳои пиёдагард ва корвонгузар мавҷуданд. Тоҷикистонро асосан як шоҳроҳи мошингард, воқеъ дар Панҷи Поён, тавассути сарҳади Афғонистон бо ҷануб мепайваст. Дигар роҳҳои ин минтақа роҳҳои рафтуомад ба деҳаҳои наздисарҳадӣ буданд. Дар давраи солҳои 2005-2012 дар ноҳияи Шӯрободи вилояти Хатлон ва ноҳияи Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо мақсади пайвастан бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон бо дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ ва як қатор созмонҳои байналмилалӣ ду кӯпруки иловагӣ сохта ба истифода дода шуд.

Соли 2013 ба Созишномаи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон оид ба нуқтаҳои гузаргоҳи Сарҳади давлатӣ аз соли 2005 тағйирот ворид карда шуда, он дар шакли Протокол дар бораи ворид намудани илова ба Созишномаи мазкур ба имзо расид. Дар натиҷа, дар Сарҳади давлатии Тоҷикистону Афғонистон дар қатори панҷ гузаргоҳи мавҷудаи мақомашон байналмилалӣ – “Панҷи Поён” дар ноҳияи Қумсангир, “Кокул” дар ноҳияи Фархор, “Рузвай” дар ноҳияи Дарвоз, “Тем” дар шаҳри Хоруғ ва “Ишкошим” дар ноҳияи Ишкошим, ду гузаргоҳи дигари мақомашон байналмилалӣ – “Шоҳон” дар ноҳияи Шӯробод ва “Хумроғӣ” дар ноҳияи Ванҷ кушода шуданд. Аз тамоми гузаргоҳҳои мавҷуда, гузаргоҳи “Панҷи Поён”, ки дар ғарби кишвар ҷойгир аст, аҳамияти бештарро дорост, зеро бор ва воситаҳои нақлиёти байналмилалӣ асосан ба воситаи он интиқол дода мешаванд.

Масъалаи делимитатсия (муайян намудани гузариши хати Сарҳади давлатӣ) ва демаркатсия (аломатгузорӣ)-и Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар асоси шартномаҳои байналмилалие, ки байни Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ (ИҶШС) ва Ҷумҳурии Демократии Афғонистон дар соҳаи сарҳад баста шуда буданд, ба танзим дароварда шудаанд. Айни замон хати Сарҳади давлатии ду кишвар муайян гардида, аз ҷониби ҳарду кишвар ҳифз мегардад.

Лекин, бо назардошти баъзе зуҳуроти ҷуғрофӣ ва техникӣ (тағйирёбии маҷрои дарёи Панҷ, зарурати нав намудани аломатҳои демаркатсионӣ дар Сарҳади давлатӣ ва ғ.) зарурати редемаркатсия (аз нав аломатгузорӣ намудан)-и Сарҳади давлатии Тоҷикистону Афғонистон ба вуҷуд омада, дар ин самт фаъолияти Комиссияи муштараки редемаркатсионии Тоҷикистону Афғонистон давом дорад.

© 2017 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2017 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj