Тоҷикӣ | Русский | English  

Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Халқии Хитой

Сарҳади давлатии байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Халқии Хитой 494,95 км дарозӣ дорад ва аз ҳудуди қаторкӯҳҳои Помир дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мегузарад.

Тибқи Созишномаи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Халқии Хитой аз соли 2011 гузаргоҳи ягона бо реҷаи байналмилалӣ дар Сарҳади давлатии ду кишвар “Кулма-Қаросу” дар ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон буда, роҳи он тавассути шаҳраки Мурғоб дар Помир мегузарад. Гузаргоҳи сарҳадии мазкур дар баландии 4365 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир буда, аз ин сабаб дар фасли зимистон қитъаи мазкури сарҳад барфпӯш мегардад ва ҳаракатро мушкил мегардонад. Ба ин нигоҳ накарда, инфрасохтори мавҷуда аз қабили роҳҳои мошингузар ва шароити фаъолияти гузаргоҳи сарҳадии Кулма-Қаросу имкон медиҳад, ки рафту омади шаҳрвандон ва воситаҳои нақлиёт дар давоми сол пурра ба роҳ монда шавад.

Ағбаи Кулма ягона гузаргоҳи байналмилалии сарҳадӣ миёни Тоҷикистону Хитой буда, унсури муҳимтарини муносибатҳои тиҷоратию иқтисодии ду кишвар мебошад. Шоҳроҳи автомобилие, ки қисми ғарбии Тоҷикистонро бо Хитой мепайвандад, аз ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мегузарад ва дар ноҳияи Мурғоб ба ду самт тақсим шуда, аз як ҷониб ба самти Хитой ва аз ҷониби дигар Тоҷикистонро бо Қирғизистон, ки дар шимол қарор дорад, мепайвандад.

То соли 2012 тамоми корҳои делимитатсионӣ ва демаркатсионӣ дар Сарҳади давлатии ду кишвар ба итмом расида, шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Халқии Хитой оид ба Сарҳади давлатӣ ва демаркатсияи он ба имзо расида, аллакай эътибори ҳуқуқӣ пайдо намуданд.

Инчунин, соли 2012 Созишномаи байниҳукуматӣ оид ба низоми Сарҳади давлатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Халқии Хитой ва Созишномаи сеҷониба байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Халқии Хитой ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар бораи нуқтаи пайвастшавии сарҳадҳои се кишвар ба имзо расида, ҷонибҳо пурра ба ҳимояи Сарҳади давлатӣ шурӯъ намуданд.

© 2017 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2017 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj