Тоҷикӣ | Русский | English  

Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Қирғизистон

Сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон аз қаторкӯҳҳои паси Олой оғоз гардида, тавассути қаторкӯҳҳои Олой, Зарафшон, Туркистон ва сипас то водии Фарғона дар пайвастагии сарҳадҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон давом мекунад. Дарозии Сарҳади давлатии байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон тақрибан 987 км-ро ташкил медиҳад.

Мувофиқи Созишномаи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон аз соли 2004 дар Сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон 5 гузаргоҳи сарҳадӣ амал менамоянд. Аз он ҷумла, “Гулистон” дар ноҳияи Исфара, “Маданият” дар ноҳияи Ҷаббор Расулов ва “Овчӣ-Қалъача” дар ноҳияи Бобоҷон Fафурови вилояти Суғд, “Қизил-Арт” дар ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва “Қарамиқ” дар ноҳияи Ҷиргатол.

Соли 2000 нуқтаи пайванди сарҳадҳои давлатии се кишвар - Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Халқии Хитой тавассути ба имзо расонидани Созишномаи сеҷониба байни кишварҳои номбурда муайян гардид.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон дар даврони Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ дар ҳайати як давлати бузург қарор доштанд ва ин ду кишварро сарҳадҳои маъмурӣҷудо менамуданд. Пас аз пош хӯрдани ИҶШС ва соҳиби истиқлолияти давлатӣ гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон, зарурати муайян намудани хати Сарҳади давлатӣ (делимитатсия) бо ин кишвар ба вуҷуд омад. Бо ин мақсад, соли 2000 аз ҷониби ду кишвар Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба масъалаҳои делимитатсия ва демаркатсияи Сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон ташкил гардид.

Музокироти дуҷониба вобаста ба делимитатсияи Сарҳади давлатии ду кишвар аз соли 2002 оғоз гардида, дар давраи охири соли 2013 зиёда аз 500 км хати Сарҳади давлатӣ делимитатсия карда шудааст.

Вохӯриҳои Комиссияи байниҳукуматии номбурда бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои дахлдори ду кишвар ва коршиносони соҳавӣ соле 3-4 маротиба баргузор гардида, масъалаҳои марбут ба делимитатсия ва демаркатсияи Сарҳади давлатӣ муҳокима мегарданд.

 

© 2017 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2017 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj