Тоҷикӣ | Русский | English  

Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон

Сарҳади давлатии байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон 1332,9 км дарозӣ дорад. Аз он сарҳади дарёӣ 105 км ва хушкигард 1227,98 км мебошанд.

Тибқи Созишномаи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз соли 2002, дар Сарҳади давлатии Тоҷикистону Ӯзбекистон 16 гузаргоҳи сарҳадӣ мавҷуданд. Аз он нӯҳ гузаргоҳи сарҳадӣ мақоми байналмилалӣ ва ҳафт гузаргоҳи боқимонда мақоми дутарафа дошта, чор гузаргоҳи сарҳадӣ барои нақлиёти роҳи оҳан кушода мебошанд. Дувоздаҳ гузаргоҳи сарҳадӣ дар вилояти Суғд ҷойгир буда, чортои дигараш дар вилояти Хатлон ва ноҳияи Турсунзода қарор доранд. Як роҳи автомобилии асосӣ ва шохаи роҳи оҳан аз қисми ғарбии Ӯзбекистон ба қисми шарқии он, ки сипас ба ҳудуди Қирғизистон мебароянд, аз ҳудуди Тоҷикистон мегузаранд.

Айни замон, расман ду гузаргоҳи сарҳадии автомобилии реҷаи кориашон байналмилалӣ - «Дӯстӣ» дар ноҳияи Турсунзода ва «Фотеҳобод» дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд барои рафту омади шаҳрвандон ва қисман барои ҳаракати воситаҳои нақлиёт кушода мебошанд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар даврони Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ дар ҳайати як давлати бузург қарор доштанд ва ин ду кишварро сарҳадҳои маъмурӣҷудо менамуданд. Пас аз пош хӯрдани ИҶШС ва соҳиби истиқлолияти давлатӣ гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон, зарурати муайян намудани хатти Сарҳади давлатӣ (делимитатсия) бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба вуҷуд омад. Бо ин мақсад, соли 2000 аз ҷониби ду кишвар Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба масъалаҳои делимитатсия ва демаркатсияи Сарҳади давлатии Тоҷикистону Ӯзбекистон ташкил гардид. То соли 2002 аз ҷониби Комиссияи муштарак хати гузариши Сарҳади давлатӣ дар 86% Сарҳади давлатии умумӣ муайян карда шуда, вобаста ба он Аҳднома дар бораи Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба имзо расид.

© 2017 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2017 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj