Тоҷикӣ | Русский | English  

Стратегияи миллии идора намудани сарҳади Ҷумҳурии Тоҷикистон на Нақшаи иҷрои он

Стратегияи миллии идора намудани сарҳади Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Нақшаи иҷрои он дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 апрели соли 2010 тасдиқ гардида, бо мақсади муайян намудани самтҳои афзалиятноки ҳифзи Сарҳади давлатӣ, баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии иқтисодӣ ва савдоии кишвар тавассути боз ҳам мукаммал гардонидани ҳифз ва идораи Сарҳади давлатӣ, инчунин ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои шаҳрвандон дар хати Сарҳади давлатӣ таҳия гардидааст. Маблағгузории он аз ҳисоби грантҳои ташкилотҳои байналмилалӣ ва дар доираи маблағҳои буҷавии Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

Нақшаи иҷрои Стратегия барои солҳои 2010-2025 пешбинӣ гардида, амалҳои мушаххаси мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба идора намудани Сарҳади давлатиро муайян менамояд. Нақша ба се марҳила – марҳилаи кӯтоҳмуддат (солҳои 2010-2014), марҳилаи миёнамӯҳлат (солҳои 2015-2020/25) ва марҳилаи дарозмӯҳлат, марҳилаи баъди соли 2025-ро дар бар мегирад.

1 августи соли 2011 бо мақсади таҳлили ҳарсолаи рафти иҷрои Стратегияи миллии идора намудани сарҳад ва Нақшаи иҷрои он Гурӯҳи миллии ҳамоҳангсози байниидоравӣ таъсис дода шуд. Роҳбарии Гурӯҳи миллии ҳамоҳангсозро Ҳамоҳангсози миллӣ – муовини аввали Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ба дӯш дорад, ки ҳар сол ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи корҳои дар доираи Стратегия анҷомдодашуда гузориш медиҳад.

Ба ҳайати Гурӯҳи миллии ҳамоҳангсоз муовинони роҳбарони мақомоту идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ин ё он восита ба идора намудани Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон машғуланд, шомил карда шудаанд. Гурӯҳи миллии ҳамоҳангсоз бо мақсади иҷрои амалии Стратегия қарорҳои дахлдор мебарорад, ки иҷроиши он барои тамоми мақомоти аъзои он ҳатмӣ мебошад.

Ҷиҳати саривақт иҷро гардидани қарорҳои Гурӯҳи миллии ҳамоҳангсоз, санаи 12 феврали соли 2013 дар ҷаласаи навбатии Гурӯҳи миллии ҳамоҳангсоз Котиботи байниидоравӣ таъсис дода шуд. Котиботи байниидоравии мазкурро Котиб – сардори Раёсати дахлдори Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарӣ намуда, ба ҳайати он намояндагони тамоми вазорату идораҳо, ки аъзои Гурӯҳи миллии ҳамоҳангсоз мебошанд, шомиланд.

Дар тӯли чанд соли охир, таҳти роҳбарӣ ва дар ҳамоҳангӣ бо Гурӯҳи миллии ҳамоҳангсоз ва Котиботи байниидоравӣ якчанд чорабиниҳои муҳим амалӣ гардиданд, аз он ҷумла:

- дap асоси Нақша-чорабиниҳои сохтмони иншоотҳои capҳадӣ дар давоми солҳои 2011-2012, 11 иншооти сарҳадӣ, аз ҷумла 2 отряди сарҳадӣ ва 7 дидбонгоҳи сарҳадӣ аз нав сохта ба истифода дода шудааст;

- таъмир ва азнавсозии 8 дидбонгоҳи сарҳадӣ ба анҷом расидааст;

- соли 2013 корҳои сохтмонӣ дар 10 иншооти дигари сарҳадӣ давом доранд;

- сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии 3 дидбонгоҳи сархадӣ, 1 гузаргоҳи сархадӣ ва дигар корҳои сохтмонию таъмирӣ дар 4 иншоот бо дастгирии кӯмаки хориҷӣ;

- сохтмони пурраи 3 дидбонгоҳи гумрукӣ, корҳои сохтмонӣ дар 2 дидбонгоҳи гумрукии дигар ва корҳои таъмир ва барқарорсозии 8 дидбонгоҳи гумрукӣ ба анҷом расонида шудаанд;

- барои гузаргоҳҳои автомобилии сарҳадӣ 76 генераторҳои дизелӣ, 12 дастгоҳи рентгении муоинавӣ ва 3 тарозуи вазнченкунӣ барои гузаргоҳҳои сарҳадии автомобилӣ харидорӣ карда шудааст.

Бо фаъолияти пурраи Котиботи байниидоравӣ, татбиқи Стратегияи миллии идора намудани сарҳад ва Нақшаи иҷрои он метавон дар сомонаи Котибот дар суроғаи www.bms.tj шинос шуд.

© 2017 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2017 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj