Тоҷикӣ | Русский | English  

Безараргардонии минаҳои зидди пиёдагард

Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1-уми апрели соли 2000 аъзои Конвенсияи манъи истифода, захирасозӣ, истеҳсол ва таҳвили минаҳои зидди пиёдагард ва нобудсозии онҳо аз 18-уми сентябри соли 1997 мебошад. Бо мақсади иҷрои ӯҳдадориҳои Конвенсионӣ, дар миқёси ҷумҳурӣ чорабиниҳо ҷиҳати безараргардонии минаҳои зидди пиёдагард амалӣ карда мешаванд.

Раванди безараргардонии минаҳо дар минтақаҳои наздисарҳадӣ бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, ҳамчунин гузаронидани корҳои пешгирикунӣ дар минтақаҳои минагузоришудаи Сарҳади давлатии Тоҷикистону Ӯзбекистон бо истифодаи кӯмаки молиявии хориҷӣ босуръат давом дорад.

Барои амалӣ намудани ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи безараргардонии минаҳо, маълумотдиҳӣ оид ба амнияти марбут ба минаҳо, ҳамчунин расонидани кӯмак ба қурбониёни таркишҳои минаҳо соли 2003 аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид Маркази Тоҷикистон оид ба масъалаҳои минаҳо таъсис дода шуд.

Маркази мазкур мақоми иҷроияи Комиссия оид ба татбиқи ҳуқуқи байналмилалии башардӯстонаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти амалиёти зидди минаҳо буда, масъули ҳалли масъалаҳои вобаста ба минаҳои зидди пиёдагард дар Тоҷикистон мебошад.

Маркази Тоҷикистон оид ба масъалаҳои минаҳо дар доираи Ҳуҷҷати лоиҳавии Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид «Дастгирии кӯшишҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳалли мушкилоти минаҳо» ва Нақшаи стратегии шашсола оид ба масъалаҳои минаҳо (барои солҳои 2010-2015) амал менамояд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба барномаву лоиҳаҳои Марказ кӯмакҳои техникӣ ва амалӣ мерасонад. Кӯмакҳои техникӣ ва амалӣ дар таъминнамоии ройгони барномаву лоиҳаҳои номбурда бо сарбозу афсарон аз сохторҳои қудратӣ, синфхонаҳо ва майдонҳои омӯзишӣ, истифодабарии чархбол барои интиқоли маҷрӯҳон, мина ва муҳимоти тарканда барои омӯзишҳои минаҷӯён, пардохти нафақа ба ҷабрдидагони минаҳо ва ғайраро таҷассум мегардад.

Айни замон, бо назардошти майдонҳои аз минаҳо тозакардашуда, дар ҳудуди Тоҷикистон, асосан дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон ва дар минтақаи марказӣ тақрибан 7,65 км², ки зиёда аз 191 майдонҳои минаҳоро ташкил медиҳад, боқӣ мондаанд.

© 2017 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2017 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj