Тоҷикӣ | Русский | English  

Барномаи Иттиҳоди Аврупо оид ба мусоидат дар идораи сарҳад дар Осиёи Марказӣ (БОМКА)

Барномаи БОМКА аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ шуда, аз ҷониби Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид татбиқ мешавад. Барнома соли 2003 баъди ба имзо расидани Созишнома байни Комиссияи Аврупо ва Барномаи рушди СММ (БРСММ) оғоз гардид. Буҷаи умумии Барнома аз соли 2003 то соли 2014 - 36 млн. евроро ташкил медиҳад, ки байни иштирокчиёни он - Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Туркманистон тақсим гардидааст.

Аз аввали татбиқшавӣ то охири соли 2013 Барномаи БОМКА 8 марҳиларо паси сар намуд. Моҳи июли соли 2011 Иттиҳоди Аврупо ва Барномаи рушди СММ расман оид ба оғоз гардидани марҳилаи 8-уми Барнома эълон намуда буданд. Буҷаи марҳилаи 8-уми Барнома 8,690,000 евроро барои тамоми кишварҳои иштирокчӣ ташкил медод.

Мақсади асосии Барнома таъмини амнияту субот дар минтақаи Осиёи Марказӣ, ҳамчунин мусоидат ҷиҳати рушди иқтисодии устувор, ҳамкории минтақавӣҳам дар минтақаи Осиёи Марказӣ, ҳам байни Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо мебошад. Ғайр аз ин, унсури таълимии Барномаи БОМКА дар ҳамкорӣ бо Маркази байналмилалӣ оид ба рушди сиёсати муҳоҷират, воқеъ дар шаҳри Венаи Австрия амалӣ мегардад.

Барномаи БОМКА ба Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазорату идораҳои дигар, ки ба идора намудани сарҳад ҷалб шудаанд, кӯмаки техникӣ мерасонад. Кӯмаки мазкур асосан аз устуворгардонии иқтидори маҳаллӣ, машварат додан оид ба масъалаҳои ислоҳоти сохторӣ, устуворгардонии иқтидор дар мубориза бо маводи нашъаовар, таҷдиди инфрасохтор, ҳамчунин ягонагардонии барномаҳои таълимӣ иборат аст.

Шурӯъ аз соли 2003, ҳар сол Конфронси гурӯҳи ташаббускори Осиёи Марказӣ оид ба амнияти сарҳадот (КАБСИ) гузаронида мешавад, ки он яке аз шаклҳои ҳамоҳангсозӣ ва муҳокима намудани чорабиниҳо ва ҳадафҳои стратегии Барномаи БОМКА мебошад.

Дар нимаи дуюми соли 2014 оғози татбиқи марҳилаи 9-уми Барномаи БОМКА дар назар аст.

© 2017 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2017 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj