Тоҷикӣ | Русский | English  

Лоиҳаи ХАС/К22

“Мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовари афғонӣ тавассути хатсайри шимолӣ тариқи мустаҳкамгардонии иқтидори гузаргоҳҳои сарҳадӣ ва таъсиси дафтарҳои ҳамкории сарҳадӣ”

Лоиҳаи ХАС/К22 соли 2009 барои таъсис додани се дафтари ҳамкории сарҳадӣ аз ҷониби Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ таҳия гардид. Мӯҳлати лоиҳа 27 моҳ ва буҷа бо маблағи 1,3 млн. доллари ИМА муқаррар гардид, ки он аз ҷониби Ҳукумати Норвегия ҷудо шуда буд. Дертар Лоиҳа қабул гардида, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон татбиқ гардида истодааст.

Соли 2011, Лоиҳа Сарҳади давлатии Тоҷикистону Ӯзбекистонро дар бар гирифта, таъсис додани чор дафтари ҳамкории сарҳадиро дар ду гузаргоҳи сарҳадӣ, аниқтараш дар «Сариосиё-Дӯстӣ» ва «Ойбек-Фотеҳобод» дар Сарҳади давлатии Тоҷикистону Ӯзбекистон пешбинӣ менамуд.

Соли 2012, Ҳукумати Япония ҷудо намудани маблағҳои пулиро дар ҳаҷми 13,6 млн. доллари ИМА барои фаъолияти лоиҳавии Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ дар Афғонистон, Покистон, Эрон ва Осиёи Марказӣ тасдиќ намуд. Аз ин маблағҳо, ба лоиҳаи ХАС/К22 маблағгузории иловагӣ дар ҳаҷми 1,270,007 доллари ИМА ҷудо карда шуд, ки он ба сохтмони дафтарҳои ҳамкории сарҳадӣ дар гузаргоҳҳои сарҳадии «Қарамиқ-Қарамиқ» ва «Қизил-Арт»-«Бордобо» дар Сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон равона шудааст. Ҳамин тариқ, маблағи умумии буҷаи лоиҳа 2,687,947 доллари ИМА-ро ташкил дод.

Соли 2013, Дафтари барномавии Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Вазорати корҳои хориҷӣ бо мақсади гирифтани ризоияти расмии ҷониби Тоҷикистон барои вусъати лоиҳа аз ҳисоби дастгирии молиявии Япония ба маблағи 1,5 млн. доллари ИМА муроҷиат намуд. Дар сурати дастгирӣ намудани вусъати лоиҳа, дар доираи лоиҳа таъсис додани дафтарҳои ҳамкории сарҳадӣ дар гузаргоҳҳои сарҳадии Сарҳади давлатии Тоҷикистону Афғонистон ба нақша гирифта шуда буд.

Ҷониби Тоҷикистон вусъати лоиҳаи ХАС/К22-ро дар Осиёи Марказӣ аз ҳисоби маблағгузории Ҳукумати Япония дастгирӣ намуд.

© 2017 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2017 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj