Тоҷикӣ | Русский | English  

ПАРЧАМ

 

Ҷамъ овард бояд аз ҳар кӯ,
Мардуми кӯбакӯ парешонро.
Заҳролӯди афъии найранг,
Заҳра бар фанди тундкешонро.

Чист бар сарнавишт фоли ҷанг?
Фоли тадбирро чӣ буд таъбир?
Ҳар кӣ дар сарнавишти худ мекард,
Ҳоли худро ба фоли худ тасвир!

Сояи дасти худ, чу боли Ҳумо,
Бар сар овард Ҳақ, ба қисмати кист?
Ҳамаро дар гумон яқин бошад:
-Ҳар кӣ ҳаст, аз Худо сазоворест!

Мерасад соя бар сари марде,
Ки чу ӯ кас надида ҳамдарде!
Дар дилаш нест ҷуз вафо гарде,
Нест ҷуз сидқи ӯ раҳоварде.

Коваи бахт кӯба мекӯбад,
Табли ҳушдорро ба одати халқ.
Мерасад бо салобат аз толор,
Парфишон Парчами саъодати халқ.

Сарфарозе чу шед аз анҷум,
Қад барафрохт, сӯи Парчам шуд!
Қомати кӯҳро тавозӯъ дод,
Сар ба таъзими ин Ватан хам шуд!

Бӯсаи меҳр дод бар Парчам,
Бӯса не, бал қасам ба довар буд.
Бӯсаи эътиқоди раҳбар буд!
Бӯсаи эътимоду бовар буд!

Довар ин ҷо Худои Якто буд,
Халқ похӯрда, ҷодасардаргум.
Қасами Пешвои миллат буд,
Ҳукми тавҳиди пораи мардум.

Парчами ору нанги миллати мо,
Сояи меҳри дасти Яздон буд.
Қасами эътиқоди раҳбари мо,
Сидқи Эмомалии Раҳмон буд.

САЛИМИ ХАТЛОНӢ

 

© 2019 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2019 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj