Тоҷикӣ | Русский | English  

Оид ба мусоидат намудан ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар қаламрави Федератсияи Россия зиёда аз мӯҳлати муқаррарнамудаи қонунгузорӣ иқомат доранд ва ба мақомоти маҳалии Вазорати корҳои дохилии Россия дар давраи аз 25 март то 24 апрели соли 2017

1. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарии маъмурӣ барои вайрон кардани қонунгузории муҳоҷиратии Федератсияи Россия ҷалб карда намешаванд, агар чунин ҷавобгарӣ ба берун кардан аз қаламрави Федератсияи Россия оварда расонад.

2. Ҳангоми муроҷиат ба шӯъбаҳои политсия аз ҷониби шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла онҳое, ки мӯҳлати иқоматашон тибқи қонунгузорӣ дар қаламрави Федератсияи Россия гузаштааст, хизматрасониҳои зерин расонида мешавад:

2.1 Хизматрасонии давлатӣ ҷиҳати тамдиди мӯҳлати будубоши муваққатӣ дар Федератсияи Россия барои 90 рӯз аз рӯзи пешниҳоди ариза бо гузоштани аломати дахлдор дар корти муҳоҷират ва тамдиди бақайдгирии муҳоҷиратӣ дар макони истиқомати муваққатӣ;
2.2 Дар сурати гум кардани корти муҳоҷират нусхаи (дубликати) он дода мешавад, дар ҳолати зарурӣ, бо тамдид намудани мӯҳлати иқомати муваққатӣ дар Федератсияи Россия;

3. Бекор кардани қарорҳои қаблӣ оид ба маҳдудияти вуруди шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қаламрави Федератсияи Россия, ки қаблан вуруди онҳо ба Федератсияи Россия бо сабабҳои зерин маҳдуд шуда буд: дар давоми 3 сол 2 ва зиёда маротиба ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шудаанд (зербанди 4-и моддаи 26-и Қонуни федералӣ аз 15.08.1996 №114-ФЗ); дар муддати будубоши охирин дар қаламрави Федератсияи Россия мӯҳлати будубоши муваққатии худро вайрон кардаанд ва то ба охир расидани мӯҳлати 30 шабонарӯз қаламрави Федератсияи Россияро тарк накардаанд, (зербанди 8-и моддаи 26-и Қонуни федералӣ аз 15.08.1996 №114-ФЗ).

© 2017 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2017 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj