Тоҷикӣ | Русский | English  

Маросими супоридани эътимодномаҳои сафирони кишварҳои хориҷӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сафири навтаъйиншударо дар фурудгоҳи ш.Душанбе намояндаи Раёсати ташрифоти давлатии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешвоз мегирад.

Рӯзи баргузории маросими супоридани эътимодномаҳо ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сафирони навтаъйиншудаи кишварҳои хориҷиро (бо ҳамсаронашон) корманди масъули Раёсати ташрифоти давлатии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар автомашинаи махсус ҷудошуда аз меҳмонхона/қароргоҳи сафир ё сафорат то назди Вазорати корҳои хориҷӣ ва аз Вазорати корҳои хориҷӣ то МД «Қасри Миллат» ҳамроҳӣ менамояд.

Ба ифтихори сафирони кишварҳои хориҷӣ дар даромадгоҳи марказии МД «Қасри Миллат» афсарони Горди фахрии Гвардияи миллӣ аз ду тарафи роҳрави қолинӣ саф мекашанд.

Сафирони навтаъйингардидаи кишварҳои хориҷиро дар назди даромадгоҳи марказии МД «Қасри Миллат» Сардори Раёсати ташрифоти давлатии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқбол мегирад ва аз тариқи зинапояҳои асосӣ ба дохили бино даъват намуда, то толори интизорӣ ҳамроҳӣ мекунад.

Ҳайати ҳамроҳикунандаи сафирон бо ҳамроҳии намояндаи Раёсати ташрифоти давлатӣ тавассути даромадгоҳи паҳлӯӣ (канорӣ) ба «Қасри Миллат» дохил шуда, ба толори интизорӣ ворид мегарданд.

Намояндаи Раёсати ташрифоти давлатӣ сафирон (бо ҳамсаронашон) ва ҳайати ҳамроҳикунандаро барои ишғоли ҷойҳои муқарраргардидаи худ ба толори маросими супоридани эътимодномаҳо даъват менамояд.

Дар вақти муайяншуда Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба толор ворид гардида, барои оғози маросим ҷои махсуси муқарраргардидаро ишғол менамоянд.

Дар толор парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ливои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта мешаванд.

Зимни маросими супоридани эътимодномаҳо ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазири корҳои хориҷӣ (аз тарафи рост) ва Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ (аз тарафи чап) иштирок мекунанд.

Номи пурра ва мақоми сафири навтаъйингардида бо забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ эълон карда мешавад.

Сипас сафир ба назди Президент омада, дар ҷойи муқарраргардида қарор мегирад.

Сафир дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо таъзими андак эҳтиромро ба ҷо оварда, паёми роҳбари давлати худро оид ба таъини ӯ ба ҳайси сафир мухтасар қироат мекунад (тарҷума ба забони англисӣ таъмин карда мешавад).

Сафири кишвари хориҷӣ эътимодномаҳои худ ва номаи бозхонди сафири собиқро ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида, бо роҳбари давлат дастфишӯрӣ мекунад ва барои гирифтани акси хотиравӣ аз тарафи чапи Президент ҷой мегирад.

Пас аз анҷоми аксгирӣ, сафир баргашта, ҷойи худро дар саф ишғол мекунад.

Пас аз супоридани эътимодномаҳо аз ҷониби сафирон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ менамоянд (тарҷума ба забони англисӣ таъмин карда мешавад).

Бо хотима ёфтани суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, сафирон барои гирифтани акси умумӣ даъват мешаванд.

Барои иштирокчиёни маросим қадаҳи шампон (нӯшоба, афшӯра) пешниҳод мегардад ва сӯҳбати Президент бо сафирон сурат мегирад.

Сипас Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон толорро тарк менамоянд ва сафирон барои изҳороти матбуотии кӯтоҳ ба намояндагони васоити ахбори омма даъват мешаванд (ихтиёран).

Тартиби гусел мисли маросими истиқбол дар МД «Қасри Миллат» сурат мегирад.

Агар сафир ният дошта бошад, ки ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон туҳфаи хотиравӣ тақдим намояд, он тавассути Раёсати ташрифоти давлатӣ дастрас карда мешавад.

Сафирро дар фурудгоҳ намояндаи Раёсати ташрифоти давлатӣ гусел менамояд.

© 2017 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2017 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj