Тоҷикӣ | Русский | English  

Вохӯрии Сафири Тоҷикистон дар Япония дар Вазорати маориф, фарҳанг, варзиш, илм ва технологияи Япония

7 апрели соли 2017 мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Япония Ҳамрохон Зарифӣ бо Директори генералӣ оид ба робитаҳои байналмилалии Вазорати маориф, фарҳанг, варзиш, илм ва технологияи Япония Казуаки Кавабата баргузор гардид.

Зимни мулоқот масъалаҳои ҳамкориҳои мутақобилан судманди ду кишвар дар соҳаҳои маориф, илму техника, фарҳанг ва варзиш муҳокима гардиданд. Таваҷҷуҳи махсус оид ба зиёд намудани шумораи бурсияҳои таҳсилии Ҳукумати Япония барои Тоҷикистон ва тавсеаи ҳамкорӣ дар самти табодули таҷрибаи варзишӣ зоҳир карда шуд.

Ҷонибҳо ҷиҳати тақвияти муносибатҳои мутақобилан судманди ду кишвар як қатор пешниҳодоти мушаххасро мувофиқа намуданд. Аз ҷумла, миёни ҷонибҳо оид ба баргузории нахустин ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Япония оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, техникӣ ва илмӣ табодули афкор сурат гирифт.

© 2017 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2017 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj