Тоҷикӣ | Русский | English  

Машваратҳои Тоҷикистону Россия оид ба масъалаҳои мубориза бар зидди терроризм

13 апрел дар шаҳри Москва даври навбатии машвартҳои Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Россия оид ба масъалаҳои мубориза бар зидди терроризм, ки дар чаҳорчӯби муносибатҳои байни Вазоратҳои корҳои хориҷии ду давлат гузаронида мешаванд, баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ ҳайати Тоҷикистонро Муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Н. Зоҳидӣ ва ҷониби Россияро Муовини вазири корҳои хориҷии Федератсияи Россия О. Сирамолотов роҳбарӣ мекарданд.

Дар ҷараёни машваратҳо оид ба масъалаҳои мубориза бар зидди терроризми байналхалқӣ, падидаи террористон-ҷангиёни хориҷӣ, дастгирии молиявӣ-иқтисодии террористон ва паҳн кардани идеологияи террористиву экстремистӣ, аз ҷумла ҳамкории ду давлат дар мубориза бар зидди терроризми байналхалқӣ дар доираи СММ, СҲШ, СААД, ИДМ ва ғайра мубодилаи назар сурат гирифт.

Ба масъалаҳои ҳамкории ду давлат ҷиҳати пешгирӣ кардани таҳдидҳои террористӣ ва дигар чолишҳо, ки аз қаламрави Афғонистон бар меоянд, аҳамияти махсус дода шуд.

Ҷонибҳо бори дигар муҳим будани ташкили ҳамкории босамари сохторҳои марбутаи ду кишварро дар мубориза бар зидди терроризм ва экстремизми байналхалқӣ таъкид намуданд.

© 2017 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2017 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj