Тоҷикӣ | Русский | English  

Судури шиносномаи хориҷии биометрӣ дар Намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа

Ба диққати шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар расонида мешавад, ки ҳамаи Намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа аз аввали соли 2017 барои судури шиносномаи хориҷии биометрӣ шурӯъ кардаанд.   

Шаҳрвандон метавонанд барои гирифтани шиносномаи хориҷии дорои маълумоти электронӣ ба намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии ҷумҳурӣ дар хориҷи кишвар (руйхат пешкаш мегардад) муроҷиат кунанд.

Дар робита ба ин, ба маълумот расонида мешавад, ки судури шиносномаҳои хориҷии намунаи соли 1998 тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 январи соли 2017 қатъ гардида, он шиносномаҳое, ки то санаи зикршуда дода шудаанд, то ба итмом расидани муҳлати эътиборашон, мавриди истифода қарор мегиранд.

Руйхати намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар барои гирфитани шиносномаи хориҷии дорои маълумоти электронӣ

 

© 2017 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2017 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj