Тоҷикӣ | Русский | English  

Вохӯрии Муовини вазири корҳои хориҷӣ бо вакили Ассамблеяи миллии Фаронса

14 апрели соли 2017 Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода бо вакили Ассамблеяи миллии Фаронса ҷаноби Тиеррӣ Марианӣ мулоқот анҷом дод. Дар вохӯрӣ ҳамчунин собиқ Сафири Фаронса дар Тоҷикистон ҷаноби Клод Бланшмэзон ҳузур дошт.

Зимни мулоқот ҷонибҳо оид ба вазъ ва дурнамои муносибатҳои дуҷониба миёни Тоҷикистону Фаронса, робитаҳои байнипарлумонӣ, инчунин доир ба ҳамкорӣ дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ мубодилаи афкор намуданд.

© 2017 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2017 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj