Тоҷикӣ | Русский | English  

Мулоқоти Сафир бо Сардори Раёсати кишварҳои Осиё, Сардори Раёсати ташрифот ва Сардори Раёсати ҳуқуқии Вазорати корҳои хоричии Мамлакати Ҳошимии Урдун

13 апрели соли 2017 дар бинои Вазорати корҳои хориҷӣ ва муҳоҷирини Мамлакати Ҳошимии Урдун мулоқотҳои Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Мамлакати Ҳошимии Урдун бо қароргоҳ дар Кувайт З. Зубайдов бо Сардори Раёсати кишварҳои Осиё,  Сардори Раёсати ташрифот ва Сардори Раёсати ҳуқуқии Вазорати корҳои хоричӣ баргузор гардид.

Дар оғози мулоқотҳо Сафир манфиатдор будани кишварро таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  барои ташаккул ва рушди муносибатҳои мутақобилан судманд бо Мамлакати Ҳошимии Урдун баён намуд. Ҷонибҳо ҳамзамон самтҳои ояндадори ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба, аз ҷумла дар соҳаҳои иқтисод, тиҷорат, сармоягузорӣ, энергетика, нақлиёт, фарҳанг ва ғайра байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мамлакати Ҳошимии Урдунро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ҷиҳати рушди ҳамкориҳо байни ду кишвар ҷонибҳо барои имзо намудани санадҳои муҳими ҳамкорӣ, ки барои тақвияти муносибатҳои дуҷонибаву бисёрҷониба зарур мебошанд, изҳори ҳавасмандӣ карданд

© 2017 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2017 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj