Тоҷикӣ | Русский | English  

Мулоқоти Сафир бо Шайх Абдулло бин Зойид Оли Наҳён

17 апрели соли 2017 вохӯрии Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар АМА бо Вазири корҳои хориҷӣ ва ҳамкориҳои байналмилалии Амороти Муттаҳидаи Араб Шайх Абдулло бин Зойид Оли Наҳён доир гардид.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳои тавсеаи робитаҳои дуҷонибаро дар  соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва башардӯстона муҳокима намуданд.

Ҷонибҳо инчунин омодагӣ ба сафари дарпешистодаи Вазири корҳои хориҷӣ ва ҳамкориҳои байналмилалии АМА Шайх Абдулло бин Зойид Оли Наҳёнро ба Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор доданд.
Вохӯрӣ дар фазои дӯстӣ ва ҳусни тафоҳуми ҳамдигарӣ анҷом ёфт.

© 2017 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2017 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj