Тоҷикӣ | Русский | English  

Вохӯрии ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Вазири давлатии корҳои хориҷии Япония

14 апрели соли 2017 дар чаҳорчӯби нахустин ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Япония оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, техникӣ ва илмӣ вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода бо Вазири давлатии корҳои хориҷии Япония Нобуо Киши баргузор гардид.

Дар рафти мулоқот масъалаҳои ҳамкориҳои мутақобилан судманди ду кишвар, аз ҷумла дар ростои татбиқи натиҷаи музокироти сатҳи олӣ миёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Япония муҳтарам Синдзо Абэ, ки соли 2015 бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф оварда буд, муҳокима шуданд.

Зарурати роҳандозии ҳамкорӣ дар доираи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Япония қайд гардида, изҳори боварӣ карда шуд, ки доир гардидани нахустин ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматӣ ба рушду тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодӣ-тиҷоратӣ мусоидат намуда, марҳилаи навро дар густариши минбаъдаи он фароҳам хоҳад овард.
Ҳамзамон доир ба масъалаҳои мубрами минтақавӣ мубодилаи афкор сурат гирифт.

 

© 2017 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2017 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj