Тоҷикӣ | Русский | English  

Вохӯрии ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Муовини парлумонии вазири иқтисод, савдо ва саноати Япония

14 апрели соли 2017 дар доираи нахустин ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Япония оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, техникӣ ва илмӣ вохӯрии ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода бо Муовини парлумонии вазири иқтисод, савдо ва саноати Япония ҷаноби Накагава Тошинао баргузор гардид.

Дар рафти мулоқот масъалаҳои ҳамкориҳои мутақобилан судманди дуҷониба дар ростои татбиқи натиҷаи музокироти сатҳи олӣ миёни роҳбарони ду кишвар, аз ҷумла густариши ҳамкориҳо дар соҳаҳои иқтисод, тиҷорат, энергетика, сармоягузорӣ, инчунин татбиқи тарҳҳои муштарак дар соҳаҳои энергетика, истихроҷ ва коркарди маъданҳои кӯҳӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Мусоҳибон ба мувофиқа расиданд, ки миёни кишварҳо имкониятҳои ҳанӯз истифоданашудаи ҳамкорӣ мавҷуд мебошад, ки барои рушди ҳамкориҳо дар соҳаҳои зикршуда бояд мавриди истифода қарор дода шаванд. Дар робита ба ин қайд гардид, ки доир гардидани нахустин ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматӣ заминаи кунунии ҳамкориҳои иқтисодиро мустаҳкам намуда, барои рушди минбаъдаи он такони ҷиддӣ мебахшад.

Ҷонибҳо зарурати робитаҳои сохторҳои иқтисодӣ-тиҷоратии ду кишварро барои рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманд таъкид карданд .

© 2017 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2017 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj