Тоҷикӣ | Русский | English  

Иштироки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии СҲШ

17-19 апрели соли 2017 дар шаҳри Остона ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор гардид.

Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар кори ҷаласа муовини Вазири корҳои хориҷӣ Маҳмадшариф Ҳақдод роҳбарӣ кард.

Зимни ҷаласа масъалаҳо вобаста ба баргузории ҷаласаҳои Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ ва Шӯрои сарони давлатҳои аъзои СҲШ баррасӣ гардиданд.

© 2017 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2017 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj