Тоҷикӣ | Русский | English  

Мулоқоти Вазири корҳои хориҷӣ бо Ҳамоҳангсози доимии СММ дар Тоҷикистон

19 апрели соли 2017 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов Ҳамоҳангсози доимии Созмони Милали Муттаҳид ва Намояндаи доимии Барномаи рушди СММ (БРСММ) дар Тоҷикистон хонум Пратибха Меҳтаро ба ҳузур пазируфт.

Зимни мулоқот масъалаҳои ҷории ҳамкориҳо миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои СММ мавриди баррасӣ қарор гирифта, ба татбиқи лоиҳаҳо ва барномаҳои БРСММ дар Тоҷикистон, инчунин дурнамои ҳамкориҳо таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд.

Ҳамзамон тарафҳо дар робита ба баргузории чорабиниҳои муштарак ба муносибати 25-солагии узвияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид ба мувофиқа расиданд.

 

© 2017 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2017 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj