Тоҷикӣ | Русский | English  

Мулоқоти Сафир бо Муовини Вазири корҳои хориҷии Мамлакати Ҳошимии Урдун

18 апрели соли 2017 мулоқоти Сафири фавқулодва ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Мамлакати Ҳошимии Урдун бо иқоматгоҳ дар Кувайт бо Муовини Вазири корҳои хориҷии Мамлакати Ҳошимии Урдун  Башир Фавоз Заъбӣ бо иштироки Сардори Раёсати кишварҳои Осиё Сафир Савсан Табет Абуаваз ва Сардори Раёсати ташрифот Ҳазем ал-Хатиб сурат гирифт.

Дар мулоқот масъалаҳои густариш ва таҳкими минбаъдаи муносибатҳои байни ду кишвар, тавсеаи робитаҳои дуҷонибаю бисёрҷониба дар  соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва рушди ҳамкориҳо байни вазоратҳои корҳои хориҷӣ мавриди муҳокима қарор гирифт. Ҷиҳати рушди ҳамкориҳо байни ду кишвар ҷонибҳо барои имзо намудани санадҳои муҳими ҳамкорӣ, ки барои тақвияти муносибатҳои дуҷонибаву бисёрҷониба зарур мебошанд, изҳори ҳавасмандӣ карданд.

Муовини Вазири корҳои хориҷӣ аз ҳавасмандии ҷониби тоҷикистонӣ барои рушди ҳамкориҳо изҳори хушнудӣ намуда, таъкид дошт, ки ҷониби урдунӣ низ тавсеаи муносибатҳояш бо Ҷумҳурии Тоҷикистонро яке аз самтҳои авлавиятноки сиёсати хориҷии худ ҳисоб мекунад.

© 2017 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2017 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj