Тоҷикӣ | Русский | English  

Ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар Остона

21 апрели соли 2017 ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири корҳои хориҷӣ С. Аслов дар ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай иштирок кард.

Зимни кори ҷаласа оид ба масоили муҳимми минтақавию байналмилалӣ табодули афкори амиқ сурат гирифт.

Вазирони корҳои хориҷӣ теъдоди санадҳои ба баррасии ҷаласаи дарпешистодаи Шӯрои сарони давлатҳои узви СҲШ пешниҳодшавандаро мавриди муҳокима қарор доданд. Аз ҷумла масъалаҳои марбут ба пайвастани Ҷумҳурии Ҳиндустон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон ба Созмони ҳамкории Шанхай баррасӣ гардиданд.

Вазирони корҳои хориҷӣ оид ба тавсеаи минбаъдаи ҳамкориҳо дар самти муқовимат ба хатару чолишҳои муосир, пеш аз ҳама бар зидди терроризм, ифротгароӣ, ҷинояткории муташаккилонаи фаромиллӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи нашъадор, инчунин таҳкими амнияти байналмилалии иттилоот ва вокуниш ба ҳолатҳои фавқулодда ибрози назар карданд.

Сарони ҳайатҳо, ҳамчунин қайд карданд, ки таҳкими равобит дар соҳаҳои тандурустӣ, фарҳанг, ҳифзи муҳити зист, илму техника, варзиш ва сайёҳӣ аз омилҳои муҳими рушди бомуваффақияти ҳамкориҳои давлатҳои аъзои СҲШ маҳсуб меёбад.

Оид ба ҳамаи масъалаҳои зимни ҷаласа баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул гардид.

© 2017 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2017 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj