Тоҷикӣ | Русский | English  

Сафари кории ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Корея

17 апрели соли 2017 дар чаҳорчӯби сафари кории Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Неъматулло Ҳикматуллозода мулоқоти ӯ бо Президенти Фонди Корея Си Ҳёнг Ли баргузор гашт.

Дар ҷараёни мулоқот масоили муносибатҳои дуҷониба ва дурнамои рушди ҳамкориҳо дар соҳаҳои энергетика, иқтисод, тиҷорат, сармоягузорӣ ва тандурустӣ дар доираи барномаҳои Фонди мазкур мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

18 апрели соли 2017 дар Сеул таҳти роҳбарии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода ва Муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Корея Ли Тэ Ҳо нахустин ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Корея оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, техникӣ ва илмӣ баргузор гардид.

Дар ҷаласа таваҷҷуҳи бештар ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи муносибатҳои дуҷониба, аз ҷумла вобаста ба соҳаҳои иқтисод, энергетика, саноат, тандурустӣ, илму техника ва маориф зоҳир гардид.

Гуфтугӯи судманд доир ба вазъи иқтисодӣ ва сармоягузорӣ дар Тоҷикистон бо дарназардошти дурнамои соҳаҳои ҳамкорӣ сурат гирифт.

Ҷонибҳо таъкид карданд, ки баргузории нахустин ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматӣ барои муайян намудани соҳаҳои нав ва таҳкими ҳамкориҳои иқтисодӣ мусоидат хоҳад кард.

Аз натиҷаи нахустин ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Корея Протоколи муштарак ба имзо расид.

Дар хотима ҳамраиси тоҷикистонӣ ҳамтои кореягии худро барои иштирок дар ҷаласаи дуюми Комиссияи байниҳукуматӣ, ки баргузории он дар ш. Душанбе ба нақша гирифта шудааст, даъват намуд.

18 апрели соли 2017 мулоқоти Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон  Неъматулло Ҳикматуллозода бо Муовини Сарвазир-Вазири банақшагирӣ ва молияи Ҷумҳурии Корея Ю Ил Ҳо баргузор гашт

Дар мулоқот роҳҳои татбиқи тавофуқоти дуҷониба, ки зимни сафари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Корея моҳи апрели соли 2015 ҳосил шуда буд ва инчунин масъалаҳои ҳамкории ду кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

© 2017 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2017 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj