Тоҷикӣ | Русский | English  

Мулоқоти Сафир бо донишҷӯён ба муносибати 20-умин солгарди Ваҳдати миллӣ

19 июн Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Заробиддин Қосимӣ ба муносибати 20-умин солгарди Ваҳдати миллӣ бо донишҷӯён ва дигар шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар ин кишвар таҳсил ва кор мекунанд, мулоқот анҷом дод.

Ӯ доир ба аҳамияти ҳифзи сулҳу субот ва дастовардҳои бузурги солҳои истиқлоли Тоҷикистон ва дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷӯҳ, инчунин аз ҳодисаҳои фоҷеабори солҳои мудҳиши кишвар ва душвориҳои сулҳсозии тоҷикон, ки бо заҳматҳои беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муяссар шудааст, батафсил ёдовар гардид.

Дар идомаи вохӯрӣ ба таваҷҷӯҳи ҳозирин қисми аввали филми мустанади "Марде аз сарнавишт" намоиш дода шуд.

© 2017 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2017 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj