Тоҷикӣ | Русский | English  

Вохӯрии сеҷонибаи сарони кишварҳои Тоҷикистон, Покистон ва Афғонистон дар Душанбе

Бо даъвати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 6 июли соли 2017 дар шаҳри Душанбе нишасти сеҷонибаи сарони давлатҳои Тоҷикистон, Афғонистон ва Покистон баргузор мегардад.

Дар чаҳорчӯби вохӯрӣ доираи васеи масоили ҳамкориҳо миёни се кишвар дар соҳаҳои сиёсат, иқтисод ва амният баррасӣ хоҳад шуд.

Зимни баррасии масъалаҳои иқтисодӣ ба мавзӯъҳои рушди тиҷорат ва сармоягузорӣ, татбиқи муштараки тарҳҳои энергетикӣ ва зерсохтори нақлиётӣ ва таҳкими равобит миёни доираҳои соҳибкорони се кишвар таваҷҷӯҳ зоҳир хоҳад гашт.

Ҳамчунин масъалаҳои мусоидати минбаъда ба талошҳои Ҳукумати Афғонистон ҷиҳати таъмини сулҳу субот ва рушди иқтисодиву иҷтимоӣ дар ин кишвар, муборизаи муштараку самаранок алайҳи чолишҳои амниятии минтақавӣ ва ҷаҳонӣ дар маркази таваҷҷӯҳи ҷонибҳо қарор ҳоҳанд гирифт.

Аз натиҷаи мулоқоти Душанбе изҳороти муштараки сарони се кишвар, ки дурнамои шарикии фарогир, эҷоди механизмҳои нави ҳамкориҳо ва роҳҳои тақвияти равандҳои минтақавиро таъйин мекунад, қабул хоҳад шуд.

© 2017 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2017 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj