Тоҷикӣ | Русский | English  

Ба имзо расидани санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Покистон

Дар охири музокироти сатҳи олӣ аз рӯйи натиҷаҳои мулоқоти дуҷониба бо иштирок ва дар ҳузури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Навоз Шариф як қатор санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд.

Изҳороти муштараки “Роҳ ба шарикии стратегӣ барои ҳамбастагии минтақавӣ” байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистонро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Навоз Шариф имзо карданд.

Ҳамчунин Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Покистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи тиҷорат ва Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шотемур ва Донишгоҳи аграрии Равалпиндии Покистон ба номи Пир Алӣ Шоҳ Меҳр ба имзо расонида шуд. 

То имрӯз заминаи ҳуқуқию меъёрии муносибатҳои ҳамкорӣ аз 50 санади муҳим иборат буд.

Пас аз анҷоми маросими имзои санадҳо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Навоз Шариф барои доираи васеъи хабарнигорони дохил ва хориҷи кишвар нишасти матбуотӣ ороста, натиҷаҳои мулоқоту музокироти сатҳи олиро барои рушду густариши минбаъдаи муносибатҳои дӯстию ҳамкорӣ байни Тоҷикистону Покистон назаррас арзёбӣ намуданд.

© 2017 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2017 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj