Тоҷикӣ | Русский | English  

Суханронӣ дар нишасти матбуотӣ бо Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Навоз Шариф

Муҳтарам намояндагони воситаҳои ахбори умум,
Хонумон ва ҷанобон,

Нахуст дар ҳузури Шумо бори дигар дӯсту бародари гиромии худ, Ҷаноби Олӣ Муҳаммад Навоз Шариф, Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон ва ҳайати ҳамроҳашро хайрамақдам мегӯям.

Ҳамчунин, бо истифода аз фурсати муносиб, дӯстони покистонии моро ба муносибати узвияти комилҳуқуқашон дар Созмони ҳамкории Шанхай самимона муборакбодӣ менамоям.

Мо аз раванди идомаёбандаи тамосҳои сиёсии Тоҷикистон ва Покистон, аз ҷумла дар сатҳи олӣ, изҳори қаноатмандӣ менамоем.

Ташрифи кунунии Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон, Ҷаноби Олӣ Муҳаммад Навоз Шарифро, ки дар давраи барои таърихи муосири муносибатҳои ду кишвар хотирмон – 25-солагии барпо намудани робитаҳои дипломатӣ миёни ду кишвар – доир гардид, мо дорои аҳаммияти хоса медонем.

Итминони комил дорам, ки натиҷаҳои музокироти имрӯзаи мо, ки дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва самимият сурат пазируфт, муносибатҳои дуҷонибаи кишварҳои ба ҳам дӯсти моро тақвияти дучанд бахшида, омили густариши тамоми маҷмӯи ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Покистон хоҳанд шуд.

Ҳар ду ҷониб бар онанд, ки ҳамкории фарогир ва созанда комилан дархури манфиатҳои дарозмуҳлати мардумони ду кишвар мебошад.

Ҳамзамон таъкид гардид, ки он ба густариши ҳамгироии минтақавӣ ва таҳкими сулҳу субот дар минтақаи фарохи Осиёи Марказию Ҷанубӣ мусоидати ҷиддӣ менамояд.

Ин нукта дар Эъломияи муштарак дарҷ ёфтааст.

Мо сатҳи имрӯзаи ҳамдастиву эътимоди сиёсии миёни ду кишварро баланд арзёбӣ менамоем.

Ба андешаи мо, муколамаи мунтазам ва пурмазмуни сиёсӣ минбаъд низ метавонад омили такондиҳандаи ҳамкориҳои гуногунҷанбаи ҷонибҳо бошад.

Айни замон мувофиқи мақсад мебуд, ки арсаҳои ҳамкориҳои иқтисодӣ аз ҳисоби идомаи самарабахши кори Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ  тавсеа дода шаванд.

Дар ҷараёни мулоқоти сатҳи олӣ мо ҳамаҷониба ва ба таври муфассал маҷмӯи масъалаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, илмию техникӣ ва фарҳангии ҳамкориҳои дуҷонибаро мавриди баррасӣ қарор додем.

Ҷонибҳо имконоти бузург ва захираҳои фаровони ҳамкории муфидро дар ҳамаи ин самтҳо зикр карданд.

Дар ин иртибот аҳаммияти тавсеаи соҳаҳо ва мундариҷаи ҳамкориҳои иқтисодӣ махсус таъкид гардид.

Ба мақсади мусоидат ба хизматрасониҳо дар арсаҳои ҳамлу нақл миёни ду кишвар ва дохили минтақа ҷонибҳо ҳарчи зудтар мувофиқа намудани Созишномаро оид ба тиҷорати транзитии дуҷониба таъкид карданд.

Мо умед дорем, ки доираҳои сармоягузори кишвари дӯсти Покистон дар фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон ва татбиқи лоиҳаҳои бузургу миёнаи он иштироки фаъолу судманд хоҳанд дошт.

Ин алалхусус ба барномаҳои рушди саноат, энергетика, инфрасохтори энергетикию нақлиётӣ, туризм, маориф ва тандурустӣ дахл дорад.

Яке аз лоиҳаҳои дорои аҳамияти минтақавӣ ва барои кишварҳои Осиёи Марказию Ҷанубӣ муҳим барномаи КАСА – 1000 мебошад.

 Тоҷикистон кишвари маҳсур бо хушкӣ мебошад.

Дар ин замина мо бори дигар манфиатдории худро ба истифодабарии имкониятҳои бандарҳои баҳрии Покистон ва шабакаҳои мавҷудаи транзитӣ барои тавсеаи тиҷорат дар сатҳи минтақа таъкид доштем.

 Ҳар ду ҷониб нисбат ба мавзӯоти густариши ҳамкории фарҳангию башарӣ низ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуданд.

Дар ин зимн аз ҷониби мо ба дурнамои хуб ва аҳаммияти омӯзишу амалӣ намудани лоиҳаҳои муштарак дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ ва тавсеаи ҳамкориҳои илмию техникӣ ишора карда шуд.

Мо доир ба номгӯйи фарохи масъалаҳои мубрами минтақавӣ ва байналмилалӣ мубодилаи афкор намудем.

Вобаста ба ин нисбат ба мавзӯи пайдо кардани роҳу василаҳои самарадеҳи густариши ҳамкориҳои бисёрҷониба ва   рушду такомули онҳо, аз ҷумла дар чаҳорчӯбаи Созмони Милали Муттаҳид, созмонҳои ҳамкории Шанхай, ҳамкории исломӣ ва ҳамкории иқтисодӣ, таваҷҷуҳи хос зоҳир карда шуд.

Зимни баррасию муҳокимаи вазъияти имрӯзаи минтақа қазияи Афғонистон яке аз мавзӯъҳои меҳварии музокироти мо буд.

Ба эътидол овардани вазъи Афғонистон ва истиқрори сулҳу суботи комил дар ин кишвари ҳамсоя барои давлатҳои мо ниҳоят муҳим аст.

Мо тасмим гирифтем, ки ба манзури мусоидат ба раванди барқарории сулҳу суботи пойдор дар он ҳамоҳангию ҳамкории дуҷонибаву бисёрҷонибаи бештару муассире дошта бошем.

Ҳамчунин масъалаҳои мубориза алайҳи терроризму ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир ва дигар шаклҳои ҷиноякории муташаккили фаромиллӣ, ки ба амнияти ҳар ду кишвар ва тамоми минтақа хатар эҷод месозанд, дар маркази диққати мо қарор дошт.

Дар ин самт бештар ҳамоҳанг намудани фаъолияти хадамоти махсус ва дигар сохторҳои марбутаи ду давлат тақозои замон дониста шуд.

Ҷониби Тоҷикистон аз ҷараёну натиҷаҳои бадастомадаи сафари расмии Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Ҷаноби Олӣ Муҳаммад Навоз Шариф комилан қаноатманд буда, онро чун як қадами нав дар самти густариши муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории судманди ду кишвар арзёбӣ менамояд.

Дар ин ҷо риштаи суханро бо камоли майл ба Ҷаноби Олӣ медиҳам, ки иброзу назару андешаи хеш кунанд.

Марҳамат.

© 2017 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2017 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj