Тоҷикӣ | Русский | English  

Иштирок дар мулоқоти Сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои иштирокчии тарҳи CASA -1000

06 июли соли 2017 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Бӯстонсарои беруназшаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Пуғус”  дар дараи Варзоб дар мулоқоти Сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои иштирокчии тарҳи CASA - 1000 иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар маҳалли баргузории мулоқоти сатҳи олӣ меҳмононро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон истиқбол гирифтанд.

Пас аз маросими аксбардорӣ дар толори бошукӯҳи Бӯстонсаройи “Пуғус” мулоқоти сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои иштирокдори лоиҳаи CASA - 1000 бо иштироки ҳайатҳои ҳукуматҳои Тоҷикистон, Покистон, Афғонистон ва Қирғизистон бо иштироки намояндагони як қатор ташкилотҳои молиявии ҷаҳонӣ баргузор шуд.

Дар вохӯрии сатҳи баланд ҳамчунин Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ,  Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Навоз Шариф ва Сарвазири Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбай   Жээнбеков иштирок доштанд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меҳмонони олиқадрро ба сарзамини Тоҷикистон самимона хайрамақдам гуфта, омодагию ҳавсмандии ҷониби Тоҷикистонро барои иштироки фаъол дар татбиқи саривақтии лоиҳаи муҳиму манфиатбори минтақавии CASA - 1000 таъкид намуданд.  

Бо ёдоварӣ аз тадбирҳои муҳими энергетикии роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки амали анҷомдода дар ин самт на танҳо ба манфиати давлати  мо балки ба манфиати кулли давлатҳои минтақа мебошад.

Муҳимияти татбиқи лоҳаҳои хурду бузурги гидроэнергетикии Тоҷикистон, ки  имкониятҳои кишвари  моро дар ҷодаи тавлиди «энергияи сабз» бамаротиб зиёд менамояд, таъкид карда шуд.

Таъкид гардид, ки  аз ҷумлаи лоиҳаҳои бузурги минтақавии энергетикӣ, ки Тоҷикистон дар татбиқи саривақтии он баробари дигар кишварҳои иштирокдори лоиҳа манфиатдор аст, ин тарҳи CASA - 1000 мебошад ва ҳамдастии амиқ дар татбиқи ин тарҳи муҳими инфрасохтори энергетикӣ дар баробари таъмини рушди иҷтимоию иқтисодӣ, кишварҳои минтақаро  бо ҳалқаи  мустаҳками энергетикӣ пайваст карда,  ҳамкориро дар дигар арсаҳои ҳаётан муҳим тақвият мебахшад.

Ҳамчунин, тарҳи CASA - 1000 унсури калидии бозори энергетикии минтақа ва пайвандсози  тавлидкунандагону истеъмолкунандагони неруи барқ дар арсаи ду минтақа арзёбӣ шуда, имкониятҳои давлати мо дар интиқоли неруи барқ тавассути афзоиши иқтидорҳои тавлиди неруи барқи дохилӣ дар тамоми сол муаррифӣ гардид.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаи CASA - 1000-ро  воситаи муосири  амаликунонии  меъёрҳои нави тиҷоратӣ ва фанновариҳои муосир дар иқтисодиёти давлатҳо маъниндод карда, нақши муҳими шарикони рушдро дар таҳия ва татбиқи лоиҳа таъкид намуданд.

Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор доштанд, ҳадаф аз баргузории чорабинии имрӯза арзёбии ҷараёни иҷрои нақшаҳои қаблан тарҳрезишуда ва табодули афкор оид ба вазифаҳои муҳимму афзалиятноки лоиҳаи CASA - 1000 мебошад, ки  роҳбарони ҳайатҳо бояд  ҷиҳати амалишавии ҳамаи чорабиниҳо тибқи нақша ва дар муҳлатҳои таъйиншуда, қабули  қарорҳои дахлдор ва бунёди ҳарчи  зудтари  ҷузъҳои алоҳидаи Лоиҳа дар қаламрави чаҳор давлат,  оғози ҳарчи зудтари сохтмони хатти интиқоли барқи баландшиддати доимӣ дар Аафғонистон, истифодаи самараноки механизм ва усулҳои нав, дарёфти  роҳои ҳалли мутақобилан судманд, мувофиқатшуда ва муосир,  сохтмони зиёда аз 1342 км хатти интиқоли барқи доимӣ ва тағйирёбандаи баландшиддат, бунёди зеристгоҳҳои табдилдиҳандаи ҷараёни барқ (конверторҳо), истифодаи таҷҳизоти навтарин баррасии роҳҳои муносибгардонии фаъолияти василаҳои идоракунии CASA - 1000 чораҳои муассир андешанд.

Дар мулоқоти Сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои иштирокдори тарҳи CASA - 1000 ҳамчунин Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ,  Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Навоз Шариф, Сарвазири Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбай Жээнбеков ва намояндаи Бонки ҷаҳонӣ Ранҷит Ламек суханронӣ карда, оид ба нақш ва мавқеи давлатҳои худ дар роҳи татбиқи лоиҳаи бузурги минтақавии CASA - 1000 фикру мулоҳизаҳои судманд ва таклифу  пешниҳодҳои асоснок  баён намуданд.

Дар интиҳои кори ҳамоиш Эъломияи муштарак оид ба натиҷаҳои мулоқоти сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои иштирокдори лоиҳаи CASA-1000 қабул гардид, ки нишона аз ҷамъбасти бобарори ин чорабинии сатҳи минтақавӣ мебошад.

Ёдовар мешавем, ки 12 майи соли 2016 дар шаҳри Турсунзода бо иштироки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Раиси иҷроияи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Абдулло Абдулло, Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Навоз Шариф ва Сарвазири Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбай Жеенбеков ба оғози татбиқи Лоиҳаи минтақавии интиқоли нерӯи барқи CASA-1000 асос гузошта шуда буд.

Пас аз анҷоми мулоқоти сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои иштирокдори Лоиҳаи CASA-1000 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меҳмонони олиқадр Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ,  Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Навоз Шариф ва Сарвазири Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбай Жээнбековро дар мавзеъи хушбоду ҳавои Варзоб дар бӯстонсарои Пуғус бо дастовардҳои маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон, ки дар намоишгоҳ ба маъраз гузошта шуда буд, шинос намуданд.   

Дар намоишгоҳ меҳмонон анвои гуногуни меваҷоти хуштаъм, меваҳои хушк, маҳсулоти полезӣ ва асалро, ки аз неъматҳои фаровони модии кишвари мо мебошад, тамошо карданд.

© 2017 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2017 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj