Тоҷикӣ | Русский | English  

Мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қирғизистон

6 июли соли 2017 дар ҳошияи иштироки ҳайати Ҷумҳурии Қирғизистон дар вохӯрии сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои давлатҳои иштирокчии тарҳи CASA-1000 мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор гардид.

Зимни мулоқот ҷонибҳо оид ба вазъ ва дурнамои муносибатҳои дуҷониба, аз он ҷумла, дар соҳаи иқтисодиёт, нақлиёт ва коммуникатсия ва рушди ҳамкориҳои наздисарҳадӣ табодули афкор намуданд.

© 2017 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2017 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj