Тоҷикӣ | Русский | English  

Мулоқот бо Ёвари Намояндаи ШМА оид ба савдо

6 июли 2017 дар дафтари Намояндагии ШМА оид ба савдо (United States Trade Representative (USTR)) мулоқоти Сафири Тоҷикистон дар ШМА Фарҳод Салим бо Ёвари Намояндаи ШМА оид ба савдо барои кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ Марк Линскот баргузор гардид.

Дар рафти мулоқот ҳамкориҳои дуҷониба миёни ШМА ва Тоҷикистон дар соҳаҳои савдо, иқтисодиёт ва энергетика мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Дар робита ба ин, ҷонибҳо инчунин сатҳи муносибатҳоро дар чаҳорчӯби Созмони умумиҷаҳонии савдо, лоиҳаи CASA-1000 ва Созишномаи сиғавӣ байни ҳукуматҳои ШМА ва кишварҳои Осиёи Марказӣ оид ба рушд дар соҳаи тиҷорат ва сармоягузорӣ (ТИФА) баланд арзёбӣ намуданд.

© 2017 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2017 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj