Тоҷикӣ | Русский | English  

Баррасии лоиҳаи роҳи оҳани Тоҷикистон – Афғонистон – Туркманистон (ТАТ) дар Ашқобод

5 июли соли 2017 дар Вазорати роҳи оҳани Туркманистон вохӯрии Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррух Ҳомиддин Шарифзода бо Вазири роҳи оҳани Туркманистон Бяшимов Дерягули Мяминович баргузор гардид.

Зимни вохӯрӣ, ҷонибҳо вусъат додани ҳамкориҳои дуҷонибаро дар самтҳои гуногуни фаъолияти марбут ба роҳи оҳан, татбиқи лоиҳаи роҳи оҳани Тоҷикистон – Афғонистон – Туркманистон (ТАТ), инчунин интиқоли борҳо тавассути хатсайрҳои роҳи оҳани қаблӣ бо нархҳои имтиёзнок ва тақвият бахшидани ҳамкории байниидоравӣ мавриди баррасӣ қарор доданд.

© 2017 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2017 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj