Тоҷикӣ | Русский | English  

Мулоқоти Вазири корҳои хориҷӣ бо Сафири Давлати Исроил

10 июли соли 2017 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Сироҷидин Аслов Сафири Давлати Исроил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо иқоматгоҳ дар шаҳри Тошканд) хонум Кармела Шамирро бинобар ба итмом расидани муҳлати фаъолияти дипломатиаш ба сифати роҳбари намояндагии ин кишвар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳузур пазируфт.

Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои рушди муносибатҳои дуҷониба миёни Давлати Исроил ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои иқтисодию тиҷоратӣ, энергетика ва захираҳои обӣ, илму фарҳанг, тандурустӣ, кишоварзӣ, инчунин ҳамкориҳои миёни ду кишвар дар чорчӯбаи СММ ва мубориза ба муқобили терроризми байналмилалиро мавриди баҳс қарор доданд.

© 2017 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2017 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj